Нишасти расмии матбуотӣ бо иштироки сармураббии “Истиқлол” - Виталий Левченко доир шуд
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Румӣ» нишасти расмии матбуотии клуби футболи «Истиқлол» бо иштироки сармураббии даста Виталий Левченко ва ҳайати мураббиён Андрей Анненков, Анвар Норқулов, Фаррух Бердиев ва Дониёр Муродов баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма низ ҳузур дошта, аз омодагиҳои даста ба мавсими нав аз наздик огоҳ шуданд.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти клуб ҳайати нави мураббиёнро расман муаррифӣ намуда, дар бораи тағйирот ва самтҳои асосии фаъолият дар мавсими дарпешистода маълумот пешниҳод кард. Таъкид гардид, ки «Истиқлол» чун яке аз бошгоҳҳои пешсафи кишвар ҳадаф дорад, ки мавқеи худро дар мусобиқоти дохилӣ ҳифз намуда, дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои шоиста нишон диҳад.
Зимни суҳбат бо рӯзноманигорон сармураббӣ Виталий Левченко иброз дошт, ки дар назди даста барои мавсими нав вазифаҳои баланд ва масъулиятнок гузошта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳайати даста бо рӯҳияи ҷиддӣ ба тамринҳо идома дода, омодагии ҳамаҷониба барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда идома дорад.
Намояндагони ВАО ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, дар бораи ҳадафҳо, нақшаҳои тактикӣ ва афзалиятҳои асосии даста дар мавсими дарпешистода иттилои зарурӣ ба даст оварданд.
Ин нишасти матбуотӣ оғози расмии омодагиҳои «Истиқлол» ба мавсими нав арзёбӣ шуда, умед меравад, ки даста бо натиҷаҳои баланд мухлисонро шод хоҳад кард.