Нишондоди бади "МЮ" баъди даврони Фергюсон
Дирӯз, 29-уми сентябр «Манчестер Юнайтед» дар доираи бозии даври 6-уми Лигаи Премйер-Лигаи Англия аз тими «Тоттенҳэм» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Барои “маникуаниҳо” ин 23-юмин шикаст бо ҳисоби бузург дар бозиҳои ПЛА пас аз рафтани Алекс Фергюсон аз мақоми сармураббигии даста буд. Аз он лаҳза инҷониб даста 424 вохӯрӣ гузаронидааст.
Мутахассиси шотландӣ аз соли 1986 то тобистони соли 2013 ба ҳайси сармураббии “Манчестер Юнайтед” кор мекард. Чӣ тавре хабар дода мешавад, Фергюсон дар ПЛА 1035 бозӣ гузаронида, танҳо 22 маротиба бо ҳисоби бузург мағлуб шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2013 инҷониб Дэвид Мойес, Луи ван Гал, Жозе Моуринйо, Оле-Гуннар Сулшер ва Эрик тен Хаг сарварӣ мекунанд.
Инчунин дар ин давра Райан Гиггз, Майкл Кэррик ва Ралф Рангник ҳамчун сармураббии “девони сурх” як муддат фаъолият мекарданд.
Баъди 6 давр шогирдони Эрик тен Ҳаг 7 имтиёз дошта, «Манчестер Юнайтед» дар ҷадвали Премйер-Лигаи Англия дар ҷои 12-ум қарор дорад.