Нишондоди нави дастаи “Байер” бо Хаби Алонсо дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо
Бошгоҳи «Байер»-и Леверкузен дар бозии охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо бар тими «Молде» бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 ғалаба кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Бай-Арена” –и шаҳри Леверкузен дар ҳузури 28 504 нафар мухлис баргузор гардид.
Голҳои дастаи “Байер”-ро дар ин бозӣ Патрик Шик, Эдмонд Тапсоба, Мартин Эллингсен (худгол), Адам Гложек (дубл) ва голи тими “Молде”-ро Эрик Китолано ба самар расониданд.
Дастаи “Байер” пас аз ин ғалаба бо 18 имтиёз аз гурӯҳи “Н” аз зинаи аввал ба даври плей-оффи Лигаи Аврупо роҳ ёфт. Дастпарварони Хаби Алонсо ягона дастае дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо шуданд, ки дар 6 бозии марҳилаи гурӯҳӣ пирӯзӣ ба даст оварданд.
Дастаи “Байер” дар даври аввал бар “Хеккен” (4:0), дар даври дуюм бар “Молде” (2:1), дар даври сеюм бар “Карабах” (5:1), дар дари чаҳорум бар “Карабах” (1:0), дар даври панҷум бар “Хеккен” (2:0) ва дар даври шашум бар “Молде” (5:1) ғалаба ба даст оварданд.
Ҳамчунин, “Байер” ягона тиме дар марҳилаи гурӯҳи шуд, ки аз ҳама бештар (19 гол) ба дарвозаи рақибон ба самар расонида, аз ҳама кам (3 гол) аз дарвозааш гол гирифтааст. Дастаҳои «Ливерпул» ва «Славия» 17 голи дар марҳилаи гурӯҳӣ ба самар расонидаанд. Бадтарин даста дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо ин тими “Бачка – Топола” мебошад, ки аз дохили дарвозааш 19 гол гирифта, 6 гол ба дарвозаи рақибон задааст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Байер” бо Хаби Алонсо то кунун дар ин мавсим дар ҳама мусобиқаҳо мувоҷеҳи шикаст нашудааст.