Нишондоди нави Килиан Мбаппе дар таърихи футболи ҷаҳон
Ҳамлагари бошгоҳи “Реал Мадрид” - Килиан Мбаппе дар таърихи футболи ҷаҳон даҳумин голзани беҳтарин дар як соли тақвимӣ шуд. Дар ин бора нашрияи омории Opta хабар додааст.
Мбаппе дар бозии даври 19-уми Ла Лигаи Испания ду гол ба дарвозаи “Атлетик”-и Билбао зад ва ҳамчунин як паси головар анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Сан Мамес”-и шаҳри Билбао дар ҳузури 51 313 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди “Реал Мадрид” хотима ёфт.
Бо назардошти бозиҳо барои тими миллии Фаронса, Мбаппе дар соли 2025, 62 гол ба самар расонидааст. Бо ин нишондод, Мбаппе даҳумин голзани беҳтарин дар таърихи футбол шуд.
Ин рекорд ба Лионел Месси тааллуқ дорад, ки дар бозиҳои расмӣ дар соли 2012, 91 гол задааст. Пас аз Месси Герд Мюллер бо 85 гол дар соли 1972 ва Пеле бо 75 гол дар соли 1958 қарор доранд.
Дар ҳайати “Реал Мадрид” қаблан дар як соли тақвимӣ Криштиану Роналду ба задани 69 гол дар мавсими 2013 даст ёфта буд.