Нишони биринҷии Сорбон аз Чемпионати ҷаҳон

Нишони биринҷии Сорбон  аз Чемпионати ҷаҳон

Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо рақобатҳо дар вазнҳои 57, 74, 100 кило дар самбои варзишӣ ва 62, 82, +100кг дар самбои размӣ баргузор шуданд. Дар ин категорияҳо Тоҷикистонро Акмалиддин Каримов, Мирзоҷамил Рамазонов ва Сорбон Латипов муаррифӣ намуданд. Варзигари тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни 57кг ба майдон баромад. Ӯ рақобатро аз даври дуюм бо самбочии кишвари Ҷопон - Генки Баба оғоз намуда, ӯро мағлуб сохт. Дар даври сеюм Акмалиддин бо намояндаи кишвари Озарбойҷон Эйваз Бахшиев   сабқат кард. Ин гӯштингири озарӣ ба зури бозуи Акмалиддин тоб оварда натаврнист. Дар даври ниманиҳоӣ - Каримов аз рақиби русии худ – Саян Хертек шикаст хурд. Пасон Акмалиддин дар даври тасаллобахш низ дучори шикаст шуда, зинаи панҷуми ин сабқатро соҳиб гардид. Намояндаи дигари тоҷик Милзоҷамил Рамазонов дар вазни 74 кг дар даври аввл бо Элвин Реййес қувва озмуд. Милзоҷамил бар ин рақиби худ бо ҳисоби 8:0 зафар ёфт. Вале дар даври дуюм Мирзоҷамил Рамазонов   аз Уали Куржеви рус мағлуб гардида, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Дар самбои размӣ бошад, Сорбон Латипов (62кг) рӯи татамӣ баромад. Ӯ ҳарифи якуми худ - Керон Боурне ро мағлуб намуда, ба даври дуюм роҳхат гирифт. Дар ин марҳила Сорбон бар самбочии Ӯзбекистон - Баҳодур Боқиев неруозмоӣ карда,   дастболо шуд. Рақиби навбатии Сорбон дар даври сеюм Лукас Борегалес буд.   Сорбон бар ин ҳамрифаш низ даст ёфт. Дар даври чорум Латипов аз варзишгари туркманистон Каримберди Давлатов бо ҳисоби 3:5 ноком гардид. Вале дар даври тасаллобахш бар рақибонаш муваффақ шуда, сазовори нишони биринҷии ин сабқати ҷаҳонӣ гардид. Ёдовар мешавем, ки пас аз баргузории дӯ рӯзи сабқатҳои самбои ҷаҳон ин нахсутин ва ягона нишони варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.