Нишони нуқраи Муҳаммадамин Абдуллоев дар Қирғизистон

Нишони нуқраи Муҳаммадамин Абдуллоев дар Қирғизистон

Дар чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод миёни наврасони то 17-сола, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни то 80 килограмм ба гирифтани нишони нуқра даст ёфт.  

Ёдовар мешавем, ки гӯштингирони дигари кишвар Ҳусейн Ҳасанов дар рӯзи аввали рақобатҳо, дар вазни -60кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ варзишгари тоҷик Суннат Абдуллоев дар вазни -65кг ҷои дуюмро сазовор шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.