Нишони тиллои Абубакр Шеров дар Фестивали донишҷӯёни варзишгар дар шаҳри Екатеринбург

Нишони тиллои Абубакр Шеров дар Фестивали донишҷӯёни варзишгар дар шаҳри Екатеринбург

Ҷудокори ҷавони тоҷик Абубакр Шеров (-73 кг) барандаи нишони тиллои Фестивали донишҷӯёни варзишгар дар шаҳри Екатеринбург гардид.

Абубакр Шеров бо шикаст додани рақибони сарсахт то қисмати финалӣ роҳ ёфт ва дар марҳилаи ниҳоӣ варзишгари беларус Руслан Ҳалавачовро ноком карда, унвони қаҳрамониро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, ки Абубакр донишҷӯи курси чаҳоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов аст. Ин аввалин медали Абубакр дар соли 2023 набуда, паҳлавони умедбахши кишвар моҳе қабл медали тиллоӣ Ҷоми кушоди Осиёро миёни ҷавонон низ ба даст оварда буд.

Ғолибони Фестивали донишҷӯёни варзишгар оид ба ҷудо

Вазни -73 кг

1.Абубакр Шеров (Тоҷикистон)

2. Руслан Ҳалавачов (Беларус)

3.Буюан-Херел Санаа (Русия)

3.Клим Калинин (Русия)

Маврид ба зикр аст, ки Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар аз 19-ум то 31-уми август дар шаҳри Екатеринбурги Русия миёни донишҷӯварзишгарони 36 мамлакат аз рӯи 14 намуди варзиш доир гардида истодааст. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 54 нафар варзишгар аз рӯи 6 намуди варзиш муаррифӣ мекунанд.