Нишони тиллоӣ Акмал Қодиров дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дастхобонӣ

Нишони тиллоӣ  Акмал Қодиров дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дастхобонӣ

Варзишгари тоҷик Акмал Қодиров дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дастхобонӣ (Армрестлинг) ҷойи якумро ба даст оварда, сазовори медали тилло гардид.

 Мусобиқа аз 17 то 25 ноябр даp шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид. Варзишгарони тоҷик  6 медал, аз ҷумла 2 тилло ба даст оварданд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз 60 давлати ҷаҳон иштирок доштанд. Ба ҳайати тими Тоҷикистон 7 варзишгар шомил буд. Акмал Қодиров дар дастхобонӣ дар вазни +100кг, ҳам бо дасти чап, ҳам дасти рост ду медали тилло гирифт. Медали нуқраро Амришер Собиров дар вазни 90кг бо дасти чап сазовор шуд. Сафо Муродзода дар вазни 100кг ҳам дасти чап, ҳам рост ва Наврӯз Амриддинов дар вазни 65кг дасти рост соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.