Ҳақназар дар даври чаҳорякниҳоӣ ноком шуду Фирдавс ва Хуршед ба ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд
Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон – Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба кураш ҷараён дорад. Тоҷикистонро имрӯз дар мусобиқа Ҳақназар Назаров, Фирдавс Насимов ва Хуршед Маҷидов намояндагӣ доранд.
Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг дар даври аввал бар намояндаи Ироқ – Муҳаммад Кадҳим сарбаландона пирӯз гардида, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар даври дуюм Ҳақназар дар як рақобати сахту сангин аз паҳлавони қирғиз Жамалбек Асюлбек Уулу ноком шуда, мусобиқаро бидуни натиҷа ҷамъбаст кард.
Ёдовар мешавем, ки Ҳақназар дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 муқобили ин ҳарифи қирғиз пирӯзӣ ба даст оварда буд. Лек имрӯз Уулу қасди бохташро аз Ҳақназар ситонид.
Паҳлавони дигари мо Хуршед Маҷидов дар вазни ҷамъи 100 кг дар як рақобати сахту сангин бар Бекполот Тогтогонови қирғиз зафар ёфт ва ба даври ҳаштякниҳоӣ рафт. Фирдавс Насимов бошад, дар вазни то 100 кг дар даври аввал бар Муҳаннад Аласмарӣ аз Арабистони Саудӣ зафар ёфта, дар даври дуюм бар намояндаи Юнон - бо бартарии имтиёзи як чалла пирӯз шуд ва роҳашро ба даври ниманиҳоӣ ҳамвор намуд.
Хотиррасон мекунем, ки мусобиқа то 28-уми ноябр дар шаҳри Ашқобод идома меёбад. Тоҷикистонро бори аввал дар таърих 7 паҳлавон аз риштаи кураш дар ин мусобиқаи бонуфуз намояндагӣ мекунанд.