Ноа Лайлз аввалин тиллоашро дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар масофаи 100 м соҳиб шуд

Варзишгари амрикоӣ, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон - Ноа Лайлз дар мусобиқаи финалии 100 метр дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар Будапешти Маҷористон барпо гардид, ғолиб омад. Варзишгар ба маррас дар 9,83 сония омада расид.
Медали нуқра насиби намояндаи Ботсвана - Лесил Тебого гардид, ки аз Лилес панҷсадяк сония қафо мондааст – 9,88. Нишони биринҷӣ ба намояндаи Британияи Кабир - Зарнел Ҳюз, қаҳрамони чаҳоркаратаи Аврупо насиб гардид. Ӯ камтар аз ҳазоряки сонияро аз Тебого бохт.
Аҳамият диҳед, ки ин аввалин тиллои қаҳрамонии ҷаҳон барои Ноа Лайлз дар масофаи 100 метр аст. Пештар варзишгар ду маротиба дар давидан ба масофаи 200 метр ва як маротиба дар эстафета ба масофаи 4x100 метр ғолиб омада буд.
Варзиши сабук. Қаҳрамонии ҷаҳон -2023, Будапешт
Давидан ба масофаи 100 м, мардҳо
1. Ноа Лайлз (ИМА) — 9,83 с.
2. Летсиль Тебого (Ботсвана) — 9,88 с.
3. Зарнел Хюз (Британияи Кабир) — 9,88 с.