Нобиғаҳои теннис ба майдон бармегарданд

Нобиғаҳои теннис ба майдон бармегарданд

Ташкилкунандагони мусобиқаи «Мастерс» дар Синсиннати рӯйхати иштирокчиёни ин чорабиниро мунташир намуданд. Дар ин маърака миёни мардон Даниил Медведев, Новак Ҷокович, Рафаэл Надал, Доминик Тим, Стефанос Сисипас ва дигарон ширкат меварзанд. Аз миёни бонувон бошад, Серена Уилямс, Каролина Плишкова ва Гарбинйе Мугуруса иштирок мекунанд. Мусобиқаи мазкур аз 20-ум то 28-уми август дар шаҳри Ню-Йорк доир мешавад.