Нодиртар аз Месси ва Роналду

Нодиртар аз Месси ва Роналду

Дар тарихи футбол нобиғаҳо бисеранд. Бархе бо бозии нодири худ дилу эътибори ҳамагонро мафтуни худ намудаанд. Бархе бо дастовардҳои шоёнашон беҳтарин мебошанд. Ҳастанд онхое, ки бо ин ҳарду паҳлуҳо нисбат ба дигарон фарқкунанда ва нодир мебошад. Вақте, ки сарлавҳаи худро “Нодиртар аз Месси ва Роналду” гузоштем, аллакай барои хонанда шавқовар аст, ки ин кадом футболбоз бошад, ки аз Мессиву Роналдо дида нодиртар аст. Бале дар ҳақиқат Кларенс Зеедорф барои аксар мухлисони футбол ноошно аст. Вале ин марди майни дар тули фаъолияти пурсамари хеш ба чандин ҷоизаҳои футболӣ даст ёфааст.

Имрӯз, 1-уми апрел нобиғаи футболи ҷавонӣ ва яккачини Ҳолланд - Кларенс Зеедорф ба синни 44 қадам гузошт. Ӯ дар таърихи футбол ҳамчун ягона футболбозе гардидааст, ки дар се дастаҳои футболӣ унвони Лигаи Чемпионҳоро ба даст овардааст. Дар дастаи "Аякс" соли 1995, бо "Реал Мадрид" соли 1998 ва ду маротиба дар "Милан" солҳои 2003 ва 2007 ба гирифтани ин ҷоизаи арзишнок даст ёфтааст.

Кларенс Зеедорф соли 1976 дар Ҷумҳурии Суринами Амрикои Ҷанубӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар синни 10 солагиаш ӯро дастаи “Аякс” ба ҳайати ҷавононаш ҳамроҳ намуд.

Баъди якчанд соли ҳунарнамоӣ дар “Аякс” Зеедорф ба дастаи "Сампдория" гузариш кард. Пасон соли 1996 роҳ сӯи “Реал”пеш гирифт.

Ҳамин тавр пас аз фаъолияти тулонӣ Кларенс соли 2014 дар дастаи "Ботафого"-и Бразилия ба корномаи хеш нуқта гузошт.