Нокомии Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳони самбо
Имрӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мусобиқаи ҷаҳонии самбо оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур кишвари мо Тоҷикистонро 9 варзишгар муаррифӣ доранд.
Паҳлавони мо Акмаллдин Каримов зери вазни 58 кг дар рӯзи якуми мусобиқа дар аввалин рақобат ноком гардид. Паҳлавони мо дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз Карен Саргсяни арманӣ мағлуб шуд ва мусобиқаро тарк кард. Нерӯсанҷии ин ду паҳлавон то ба охир сахту сангин ҷараён гирифта, бо ҳисоби 6 бар 5 ба фоидаи Саргсяни 23 сола анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳони самбо дар шаҳри Еревани Арманистон ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се қаҳрамони ҷаҳон дар самбо Беҳрӯз Хоҷазода (2017), Хушқадам Хусравов (2018), Акмалиддин Каримов (2021) дорад.