Нокомии Даниил Медведев дар мусобиқаи Синсиннати дар ИМА
Қаҳрамони US Open 2021, ракеткаи 3-юми ҷаҳон, теннисбози рус Даниил Медведев дар мусобиқаи силсилаи “Мастерс” дар Синсиннатии ИМА натавонист ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёбад.
Дар бозии даври сеюм Медведев бо ҳисоби 4:6, 7:5, 4:6 аз қаҳрамони Олимпиадаи соли 2020 , собиқ ракеткаи дуюми ҷаҳон - Александр Зверев (рақами 16-уми ҷаҳон) аз Олмон шикаст хӯрд.
Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 2 соату 36 дақиқа давом кард. Ҳамакнун, рақиби навбатии Зверев дар мусобиқаи Синсиннати - Адриан Маннарино аз Фаронса хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Синсиннати аз 14 то 20 –уми август идома мекунад. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати яккаса байни мардон 6,6 миллион долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамони феълии он Борна Коричи хорватӣ аст, ки аллакай дар мусобиқаи имсола ноком шуд.