Нокомии ду ҷудочии тоҷик дар Бишкек

Нокомии ду ҷудочии тоҷик дар Бишкек

Дар шаҳри Бишкек мусобиқаи Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Senior Championships) дар ҳоли баргузорист, ки дар рӯзи сеюми мусобиқа ду паҳлавони сангинвазни кишвар Мансур Раҳмон -100кг ва Хуршед Маҷидов +100кг ба рақобатҳо шуруъ карданд. Мансур Раҳмон дар даври аввал аз намояндаи Австралия - Кайхан Озчичека-Такаги дучори бохт шуда, аз идомаи бозиҳо маҳрум монд. Хуршед Маҷидов низ дар даври нахуст аз Алишер Юсупови ӯзбек шаҳди бохтро чашида, идомаи рақобатҳоро барои хеш хотима дод.