Нокомии футзалбозони тоҷик дар бозии санҷишӣ аз Афғонистон

Нокомии футзалбозони тоҷик дар бозии санҷишӣ аз Афғонистон
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок нахустин бозии санҷишии худро анҷом дод.

Дирӯз футзалбозони Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозӣ карданд. Вохӯрӣ ба ҳисоби 4:3 ба фоидаи дастаи Афғонистон поён ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров, Бахтиёр Солиев ва Баҳодур Хоҷаев заданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рақобати санҷишии навбатии худро дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар Бангкок рӯзи 13 апрел бо тими миллии Чин баргузор мекунад.