Нокомии Мунира Абдусаломова дар Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ-2025
Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 6-умин Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ ҷараён дорад. Дар доираи мусобиқаи таеквандо варзишгари тоҷик Мунира Абдусаломова дар рақобати аввал мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Иштирокчии Бозиҳои Олимпии Париж-2024, Мунира Абдусаломова дар вазни 70 кг дар рақобати аввалаш дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ аз намояндаи Урдун - Рама Або-алруб бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум монд.
Дар ин рақобат бартарии пурра ҷониби намояндаи Урдун буд ва имтиёзҳои бештарро касб намуд ва зарбаҳои ҳадафрас дошт. Мунира дар оғоз фаъол буд, аммо дар идома натавонист бартарӣ нишон диҳад.
Ҳамчунин, рӯзҳои оянда варзишгарони мо дар намудҳои гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-румӣ, варзиши электронӣ ва ҷиу-ҷитсу барои ҷоизаҳо талош мекунанд.
То имрӯзи мусобиқа Тоҷикистон дар Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ дар соли 2025 соҳиби 7 медал шудааст, аммо 2 медал аз риштаи кураш ҳисоб карда намешаванд, зеро ин намуди варзиши намоишӣ дар мусобиқа буд. Аз намуди кураш Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни 81 кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ ноил шуданд. Мадина Қурбонзода аз риштаи ҷудо дар вазни 52 кг бо Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ба гирифтани медалҳои нуқра ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг бо Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд. Саъдӣ Исмоилов аз намуди тенниси рӯи миз соҳиби нишони биринҷӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI –умин Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ доир мегардад. Беш аз 3000 варзишгари 57 давлати узви Ассотсиатсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ (ISSA) ширкат мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 134 нафар намояндагӣ мекунанд, ки аз ҷумла 54 нафар масъулину мураббиён, 7 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва 69 нафар варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш мебошанд.
То имрӯз Туркия бо ба даст овардани 122 медал (61 тилло, 35 нуқра, 26 биринҷӣ) пешсаф аст. Ӯзбекистон бо 65 медал (21 тилло, 24 нуқра, 20 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм, Эрон бо 54 медал (17 тилло, 15 нуқра, 22 биринҷӣ) дар зинаи сеюм мавқеъ доранд. Тоҷикистон бо бо ду медали нуқра ва се биринҷӣ дар ҷойи 25-ум қарор дорад.