Нокомии Шамшер ва Анӯшервон дар рӯзи панҷуми Чемпионати Осиё
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон - Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рӯзи панҷуми мусобиқа кишвари моро Шамшер Саидов ва Анӯшервон Фозилов намояндагӣ карданд.
Шамшер Саидов дар вазни 70 кг бо қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2025 аз кишвари Қазоқистон - Торехан Сабирхан дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ нерӯсанҷӣ карда, мағлуб шуд ва аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд.
Анӯшервон Фозилов зери вазни 55 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Ҷопон – Руи Ямагучӣ қувваозмоӣ намуда, бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 шикаст хӯрд.
Дирӯз, Некрӯз Салимов дар вазни 80 кг дар даври аввали мусобиқа бо намояндаи Ҷопон - Кай Торийабе қувваозмоӣ карда, тариқи нокаут пирӯзӣ ба даст овард ва роҳашро ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ҳамвор намуд. Ҳамчунин, Руслан Ғафуров дар вазни 65 кг дар даври аввал аз намояндаи Қирғизистон - Мирзоҳид Имомназаров мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан намояндаҳои дигари кишвари мо Бибинишастамо Холова дар вазни 60 кг дар рақобати аввал аз намояндаи Муғулистон - Монхор Намуун мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд. Акмал Убайдов дар вазни 60 кг дар рақобати аввал бо қарори баҳсбарангези доварон аз намояндаи Ҷопон – Китамото Шунсуке мағлуб шуда, аз идома рақобатҳо бенасиб монд.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқа 30 март дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон оғоз шуда, то 10 апрел идома мекунад.
Тоҷикистонро дар мусобиқа Анӯшервон Фозилов (55 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Руслан Ғафуров (65,5 кг), Шамшер Саидов (70 кг), Некрӯз Салимов (80 кг), Парвиз Каримов (90 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+90 кг), Миҷгона Самадова (57 кг) ва Бибинишастамо Холова (60 кг) муаррифӣ мекунанд.
Мураббиҳо Саидхуҷа Мамуров ва Хуршед Ҷӯраев роҳнамоӣ ҳайати бокси Тоҷикистон дар ин мусобиқа мебошанд.
Дар мусобиқаи мазкур намояндагони 25 кишвар ва ҳадди ақал 230 муштзан ширкат доранд. Ин мусобиқа таҳти сарпарастии World Boxing баргузор шуда истодааст.