Нокомии ҷудокорони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати Осиё

Нокомии ҷудокорони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати Осиё

Дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо ба анҷом расид. Дар рӯзи охири мусобиқа кишвари моро Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Виктория Киселёва муаррифӣ карданд.

Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кг бо ғалаба муқобили намояндаи Муғулистон - Алтанзая Мунх- Эрден мусобиқаро оғоз кард. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Муҳаммадҷон бо намояндаи Қирғизистон - Эрлан Шеров гӯштин гирифта, мағлуб шуд ва ба даври тасаллобахш рафт.

Дар даври тасаллобахш Абдуҷалилзода бар намояндаи АМА- Арам Григорян ғолиб омада, дар мубориза барои медали биринҷӣ мағлуби Исрапил Сагайпови баҳрайнӣ шуда, мақоми панҷумро ишғол намуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ҷудокори мизбон Фучун Ҳуангро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад.

Дар ин марҳила Маҷидов бо намояндаи Баҳрайн - Саид Садруддинов гӯштин гирифта, ноком шуд ва дар мубориза барои нишони биринҷӣ мағлуби Эрназар Сарсенбайеви ӯзбек гардида, панҷум шуд.

Виктория Киселёва дар вазни ба изофаи 78 кг дар марҳилаи аввал ҷудокори қазоқ Акерке Рамазоноваро шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ мағлуби намояндаи мизбон Хинран Ниу гардида, ба даври тасаллобахш рафт. Дар ин марҳила Киселёва аз ҷудокори қазоқ Айда Тоишибекова шикаст хӯрд ва мақоми ҳафтумро ишғол намуд.

Ҳамчунин, дар рӯзи охири мусобиқа рақобатҳои ҳайати даставӣ доир шуд. Тими ҷудои Тоҷикистон дар рақобати аввал аз дастаи Қирғизистон мағлуб шуд. Дастаи Муғулистон медали тилло, Қазоқистон медали нуқра ва Кореяи Ҷанубӣ бо Қирғизистон медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷудокорони тоҷик Чемпионати Осиёро бо 5 медал дар шаҳри Ордоси Чин ҷамъбаст карданд. Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) соҳиби медалҳои тилло, Обид Ҷебов (-66 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) соҳиби медалҳои нуқра ва Мадина Қурбонзода (-52 кг) соҳиби медали биринҷӣ шуданд.