Номи ҷойгузини Бензема дар "Реал" маълум гардид

Номи ҷойгузини Бензема дар "Реал"  маълум гардид

«Реал» расман номи чор сарвони дастаро барои мавсими-2023/24 эълон намуд. Баъди рафтани ҳамлавар Карим Бензема сарвони нави даста дифоъгар Начо таъин карда шуд.

Ҳамчунин нақши сарвониро дар мавсими нав Лука Модрич, Дани Карвахал ва Тони Кроос ба зиммаи хеш мегиранд.

Ин сеюмин мавсими паиҳам мебошад, ки «Реал» бо ивазкунии сарвонҳо оғоз мекунад. Соли 2021 Серхио Рамос ба сафи «ПСЖ» кучида буд ва тобистони қаблӣ бошад Марселу ба «Олимпиакос» пайваст, дар ҳоле, ки Бензема дар ҳайати «Ал-Иттиҳод» идомаи маснади варзишӣ мекунад.