Номи размкорони аз ҳама зиёд санҷидашуда дар UFC маълум шуд
Номи размкорони аз ҳамаи зиёд мавриди санҷиш қарор гирифта дар UFC дар кулли даврони ҳамкорӣ бо агентии зиддидопингии ИМА (USADA) маълум шуд — аз соли 2015 то соли 2023.
Ин рӯйхатро размкори бразилӣ Пауло Коста садрнишин гардид. Дар зинаи дуюм қаҳрамони UFC дар вазни сангин Ҷон Ҷонс қарор гирифт. Шомили топ-3 бошад қаҳрамони UFC дар вазни миёнаи сабук Камару Усмон мебошад. Ҳамчунин ба рӯйхати мазкур рамзкороне чун Ти Ҷей Диллашоу, Аманда Нунйес ва Иржи Прохазка шомил шудаанд.
Топ-6 аз ҳамаи зиёд санҷидашудаҳо дар UFC аз соли 2015 то соли 2023:
Пауло Коста (8 рақобат) — 135 санҷиш.
Ҷон Ҷонс (8 рақобат) — 111 санҷиш.
Камару Усмон (17 рақобат) — 97 санҷиш.
Ти Ҷей Диллашоу (8 рақобат) — 92 санҷиш.
Аманда Нунйес (13 рақобат) — 90 санҷиш.
Иржи Прохазка (4 рақобат) — 89 санҷиш.