Номуваффақтарин трансферҳо дар футболи Италия

Номуваффақтарин  трансферҳо дар футболи Италия

Яке аз созмонҳои варзишии маъруфи итолёвӣ - La Gazzetta dello Sport дастаи мунтахабро иборат аз гузаришҳои номуваффақи Серияи А дар солҳои 2018 то 2020 тартиб дод.

Дар мавқеъи дарвозабон Алекс Меретии 23 сола аз «Наполи» бо арзиши 30 млн € қарор гирифт.

Дар қисмати муҳофизат Леонардо Спинатсола («Рома», € 23,5 млн), Диего Годин («Интер», € 5 млн), Денис Вавро («Латсио», € 10 млн) ва Антонио Баррека («Ҷеноа», 10 млн €) ҷой дода шуд.

Футболбозоне, ки дар ниммуҳофиза қарор гирифтанд инҳоянд: Лукас Пакета («Милан», € 30 млн), Адриен Рабйо («Ювентус», € 20 млн), Хавйер Пасторе («Рома», € 10 млн).

Сегонаи хати ҳуҷум чунин аст: Симоне Верди («Торино», € 20 млн), Алексис Санчес («Интер», € 27,5 млн) ва Ирвинг Лосано («Наполи», 35 млн€).