Номзадҳои беҳтарин бозигари ҷаҳон-2025 маълум шуданд
Номзадҳои ниҳоӣ ба ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2025 аз рӯи фарзияи Globe Soccer Awards эълон гардиданд. Дар ин бора Globe Soccer Awards дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод.
Номзадҳо ба ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон-2025 чунин мебошад: Усмон Дембеле («Пари Сен-Жермен»), Килиан Мбаппе («Реал» Мадрид), Рафиня («Барселона»), Витиня («Пари Сен-Жермен»), Ламин Ямал («Барселона»).
Ёдовар мешавем, ки ҷоизаҳои Globe Soccer Awards — маросими солонаи ҷоизасупорӣ мебошад, ки бузургтарин дастовардҳои футболро дар тӯли сол эътироф мекунад. Ғолибон дар категорияҳои гуногун тавассути овоздиҳӣ муайян карда мешаванд. Маросими ҷоизасупорӣ 28 –уми декабр дар Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.