Норвегия ҳангома карда, Бразилияро аз садди роҳ дур кард

Норвегия ҳангома карда, Бразилияро аз садди роҳ дур кард

Мунтахаби Норвегия дар бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бар тими Бразилия бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Метлайф”-и шаҳри Ист-Ратерфорди ИМА баргузор гардид.

Дар нимаи аввали бозӣ бразилиҳо имкони боз кардани ҳисобро доштанд, аммо Бруно Гимарайнс зарбаи пеналтиашро ба гол табдил дода натавонист.

Дар қисми дуюми вохӯрӣ ситораи мунтахаби Норвегия Эрлинг Ҳоланд қаҳрамони асосии бозӣ гардид. Ӯ дар дақиқаи 79-ум ҳисобро боз кард ва дар дақиқаи 90-ум бо задани голи дуюмаш бартарии скандинавиҳоро мустаҳкам намуд.

Бразилия танҳо дар дақиқаҳои иловагӣ тавонист як гол ҷавоб диҳад. Неймар дар дақиқаи 90+10 аз зарбаи пеналти ҳисобро 2:1 кард, аммо ин гол барои наҷоти шогирдони Карло Анчелотти кофӣ набуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Бразилия бо шикаст аз идомаи мубориза дар Ҷоми ҷаҳонии 2026 маҳрум шуд.

Дар даври чорякниҳоӣ мунтахаби Норвегия рӯзи 12 июл бо тими мунтахаби Англия рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Аргентина аст.