Норвегия Чемпионати ҷаҳон-2026-ро бо пирӯзии пургол оғоз кард

Норвегия Чемпионати ҷаҳон-2026-ро бо пирӯзии пургол оғоз кард

Дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “I”, мунтахабҳои Ироқ ва Норвегия дар варзишгоҳи “Ҷиллетт”-и шаҳри Фоксборои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳам омаданд. Ин вохӯриро ҳайати доварон таҳти роҳбарии Пйер Ачо аз Габон идора карданд.

Мунтахаби Норвегия рақибашро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, се имтиёзи аввалини худро дар мусобиқа ба даст овард.

Ситораи асосии ин бозӣ ҳамлагари маъруфи норвегӣ Эрлинг Холанд буд, ки ду маротиба дарвозаи Ироқро рахна кард. Лео Эстигор муаллифи голи сеюми Норвегия шуд. Давааҷав Баттур аз ҳайати Ироқ муаллифи худгол шуда, голи чаҳоруми Норвегияро рақам зад.

Ягона голи мунтахаби Ироқро ҳамлагари ботаҷриба Айман Ҳуссейн ба самар расонд, аммо ин гол барои пешгирӣ аз шикаст кофӣ набуд.

Бо ин пирӯзӣ мунтахаби Норвегия дар оғози Чемпионати ҷаҳон паёми ҷиддӣ ба рақибони гурӯҳи худ фиристод ва худро ҳамчун яке аз дастаҳои пуриқтидори гурӯҳи “I” муаррифӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон-2026 аз 11 июн то 19 июл дар се кишвар — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа мунтахаби Аргентина мебошад, ки дар финали Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар бар тими Фаронса пас аз мусовии 3:3 дар силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 ғалаба карда буд.