Норвегия пас аз 27 сол дигарбора роҳхати Ҷоми ҷаҳонро соҳиб шуд

Норвегия пас аз 27 сол дигарбора роҳхати Ҷоми ҷаҳонро соҳиб шуд

Мунтахаби Норвегия дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 Италияро мағлуб кард. Бозӣ дар Милан доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 1 ба анҷом расид. Аз ҳайати Норвегия Эрлинг Ҳоланд дубл кард ва Антонио Нуса бо Йорген Ларсен голҳои дигарро ба самар расониданд. Франческо Эспозито ягона голи Италияро ба ҳадаф расонид.

Норвегия аз ҳашт давр 24 имтиёз ба даст овард ва дар гурӯҳи “I” ҷои аввалро гирифт. Ин бори аввал аст, ки Норвегия аз соли 1998 ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт. Дар он вақт онҳо дар даври 1/8 ниҳоӣ аз Италия бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуда буданд. Сармураббии кунунии Норвегия Стале Солбаккен дар се бозии он мусобиқа иштирок кард.

Италия дар гурӯҳи “I” 18 имтиёз ба даст овард ва ҷои дуюмро гирифт. Дастаи Ҷеннаро Гаттузо дар плей-офф бозӣ хоҳад кард.

Ҳоло аз 48 дастаи иштирокчии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, 32 дастаи иштирокчӣ маълум шудааст. Норвегия роҳхати 32-юмро ба даст овард ва панҷумин шуда аз Аврупо ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳ ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки Амрико, Канада ва Мексика ба таври худкор ҳамчун мизбон роҳхатро ба даст овардаанд. Англия, Ҷопон, Зеландияи Нав, Эрон, Аргентина, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Урдун, Австралия, Бразилия, Эквадор, Уругвай, Колумбия, Парагвай, Марокаш, Тунис, Миср, Алҷазоир, Гана, Кабо-Верде, Африқои Ҷанубӣ, Сенегал, Кот-д'Ивуар, Қатар , Арабистони Саудӣ, Фаронса , Хорватия , Португалия ва Норвегия роҳхатро ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 соҳиб шудаанд.

Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Бори аввал дар таърих 48 даста дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 ширкат мекунад. Аргентина қаҳрамони феълӣ аст.