Новак Ҷокович ба марҳилаи ¼-ниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт

Ракеткаи дуюми ҷаҳон теннисбози сербӣ Новак Ҷокович дар Олимпиадаи Париж-2024 ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ҷокович дар бозии даври дуюм бар теннисбози олмонӣ Доминик Копфер бо ҳисоби 7:5, 6:3 пирӯз шуд.
Вохӯрӣ 1 соату 37 дақиқа давом кард. Ҷокович дар даври чаҳорякниҳоии Бозиҳои олимпӣ бо Стефанос Тситсипаси юнонӣ бозӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Фаронса 26-уми июл оғоз гардида, 11-уми август анҷом ёбад.