Новак Ҷокович дар охири сол ба худ унвони рақами яки ҷаҳонро кафолат дод
Теннисбози серби Новак Ҷокович дар охири сол ба худ унвони аввалин ракеткаи ҷаҳонро кафолат дод.
Ин пас аз пирӯзии Ҷокович дар бозии аввал дар мусобиқаи финалии ATP рух дод, ки ӯ намояндаи Дания - Ҳолгер Рунеро бо ҳисоби 7:6 (7:4), 6:7 (1:7), 6:3 шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз оғози мусобиқот Карлос Алкараси испанӣ низ дар ин раддабандӣ мақоми аввалро касб карда буд. Барои ин ба ӯ лозим буд, ки бидуни мағлубият қаҳрамони мусобиқоти ҷамъбастии ATP шавад.
Дар бозии дигари гурӯҳ Янник Синнери итолиёвӣ бар намояндаи Юнон - Стафанос Тситсипас бо ҳисоби 6:4, 6:4 пирӯз шуд.
Мусобиқаи ҷамъбастии ATP аз 12-ум то 19-уми ноябр дар шаҳри Турини Италия баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа Ҷокович аст.