Новак Ҷокович дар пайи фатҳи "Мастерс"-и Рим

Новак Ҷокович дар пайи фатҳи "Мастерс"-и Рим

Аксар варзишгарони бомаҳорати мусобиқаи кушоди тенниси "Мастерс"-и Рим ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар ин миён ду довталаби асосии унвони қаҳрамонӣ ракеткаҳои якум ва дуюми ҷаҳон - Новак Ҷокович ва Рафаэл Надал дар даври сеюм бар ҳарифони худ зафар ёфтанд. Ракеткаи якуми ҷаҳон теннисбози сербӣ - Новак Ҷокович бо шикаст додани ҳамватани худ - Филип Крайинович ба даври ¼ ниҳоии мусобиқаи «Мастерс 1000» дар Рими Италия роҳхат гирифт. Бозии варзишгарон дар корт ду соату 9 дақиқа идома карда, дар ду пайт бо ҳисоби 7:6 ва 6:3 ба суди Ҷокович хотима ёфт.

Дар бозии дигари даври сеюм ракеткаи дуюми ҷаҳон теннисбози испанӣ - Рафаэл Надал бо намояндаи - Сербия Душан Лайович қувва озмуд. Бозии варзишгарон аз оғоз то анҷом бо бартари Надал сурат гирифта, дар охир ҳисоб 6:1 ва 6:3 шуд. Вохӯрӣ муддати якуним соат идома кард. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи «Мастерс»-и Рим то 22-юми сентябр идома мекунад.