Новак Ҷокович - ғолиби сабқати ҷамъбастии ATP

Теннисбози сербӣ Новак Ҷокович бар ракеткаи чоруми ҷаҳон, итолиёвии 22-сола Янник Синнер дар рақобати финалии сабқати ҷамъбастии ATP – 2023 зафар ёфт. Бозии финалӣ дар шаҳри Турини Италия бо ҳисоби 6:3, 6:3 ба нафъи Ҷокович хотима ёфт.
Давомнокии вохӯрӣ 1 соату 40 дақиқаро ташкил дода, Ҷокович 13 эйс иҷро кард, ба ягон иштибоҳи дуболо роҳ надод ва се брейк-пойнт аз ҳаштро амалӣ кард. Синнер бошад ҳашт хол аз зарбаи аввалӣ кор кард, ба ду иштибоҳи дуболо роҳ дод ва ягон брейкро аз ду брейк-пойнт амалӣ карда натавонист.
Ҳисоби вохӯрии байниҳамдигарӣ миёни ин теннисбозон 4-1 ба нафъи Ҷокович гардид. Ӯ бо ҳисоби 6:4, 6:2 дар марҳилаи 1/16 ниҳоии сабқати қумии «Мастерс» дар Монте-Карло — 2021, бо натиҷаи умумии 5:7, 2:6, 6:3, 6:2, 6:2 дар даври чорякниҳоии Уимблдон-2022 ва бо ҳисоби 6:3, 6:4, 7:6(4) дар марҳилаи ниманиҳоии Уимблдон-2023 бар Синнер пирӯз шудааст. Синнер танҳо як маротиба ва он ҳам дар ҳамин мусобиқа бар теннисбози дастони сербӣ зафар ёфт. Дар бозии марҳилаи гурӯҳӣ теннисбози итолиёвӣ бо ҳисоби 7:5, 6(5):7, 7:6(2) зӯр баромада буд.
Сабқати ҷамъбастии ATP. Финал
19-уми ноябри соли 2023, якшанбе. 22:10 ДШБ
Янник Синнер (Италия) 0 : 2 Новак Ҷокович (Сербия)