Нойери 40 сола беҳтарин бозигари вохӯрии “Реал Мадрид” ва “Бавария” дониста шуд

Нойери 40 сола беҳтарин бозигари вохӯрии “Реал Мадрид” ва “Бавария” дониста шуд

Дарвозабони ботаҷрибаи бошгоҳи “Бавария” Мануэл Нойер беҳтарин бозигари бозии аввали марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА муқобили “Реал Мадрид” дониста шуд.

Нойер дар ин вохӯрӣ 9 сейв анҷом дод, ки ин беҳтарин нишондиҳандаи ӯ дар марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳо аз соли 2017 ба ин сӯ мебошад.

Бозӣ рӯзи 7 –уми апрел дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” баргузор гардида, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи дастаи шаҳри Мюнхен анҷом ёфт. Доварии вохӯриро Майкл Оливер аз Англия ба уҳда дошт.

Қобили зикр аст, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 15-уми апрел дар варзишгоҳи “Алянс Арена”-и шаҳри Мюнхен баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи 1/8 финал “Реал” аз рӯи натиҷаи ду бозӣ “Манчестер Сити”-ро бо ҳисоби 5:1 мағлуб карда буд. “Бавария” бар “Аталанта” бо ҳисоби умумии 10:2 ғолиб омада, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта буд.