Нозим Бобоҷонов ба "Регар-ТадАЗ" баргашт!

Ниммуҳофизатгари пуртаҷриба ва дастпарвари КФ "Регар-ТадАЗ" - Нозим Бобоҷонов ба хонаи худ баргашт. Дар ин бора дафтари матбуотии тими шаҳри Турсунзода хабар додааст.
Байни футболбоз ва бошгоҳ қарордоди ҳамкорӣ барои як сол ба имзо расид.
Нозим Бобоҷонов қаблан дар мавсимҳои 2015 ва 2019-2020 дар сафи "металлургчиён" ҳунарнамоӣ карда буд. Инак ӯ бори сеюм ба ҳайати даста пайваст.
Инчунин, Нозим Бобоҷонов таҷрибаи бозӣ дар дастаҳои дигар, чун: "Истиқлол", "Хуҷанд", "Равшан" ва як қатор дастаҳои хориҷиро низ дорад. Ӯ бо пироҳанҳои тими миллии Тоҷикистон дар 15 бозӣ ба майдон баромадааст.