Нуралӣ Эмомалӣ барандаи нишони тиллои Чемпионати Ҷаҳон шуд!

Нуралӣ Эмомалӣ барандаи нишони тиллои Чемпионати Ҷаҳон шуд!

Боварӣ ба худ, ҳунари воло, ахлоқи ҳамида, дасту бозувони пурқувватро мо имшаб аз ҳунарнамоиҳои ҷудокори ҷавону умедбахши тоҷик, Нуралӣ Эмомалии 20 сола дидем, ки чӣ гуна дар кишвари Эквадор як-як рақибонро бо як боварӣ аз сари роҳ дур мекард . Дигар ҷудокорон аз ҳунарнамоиҳои ин ҷудоварзи тоҷик дар ҳарос буданд ва бо як тарс рӯи татамӣ бо ӯ дастбагиребон шуданд.

Нишони тиллоӣ Нуралӣ Эмомалӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар зери вазни то 66 кг ба кулли ҳамватанон ва дӯстдорони варзиш ҳумоюн бошад. Туҳфаи арзанда, дар рӯзи варзишгарони тоҷик шуд.

Дар рӯзи якуми рақобатҳо дар вазни -66кг Тоҷикистонро  дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон  дар шаҳри Гуаякили Эквадор - Нуралӣ Эмомалӣ муаррифӣ кард. То ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан, Нуралӣ чунин ҳарифона сарсахтро бо маҳорати баланд, ноком кард.

Ҷудокори 20 сола, ки дастпарвари Клуби  Парвиз Собиров мебошад, дар даври якум бо варзишгари Италия – Валерио Акколи нерусанҷӣ кард. Дар дақиқаи дуюми рақобат Нуралӣ бо иҷрои зидиҳамла тавонист аз ҳариф имтиёзи “ваза-ари” ситонад ва онро то охир ҳифз намуда, пирӯз гардад.

Дар даври дуюм Нуралӣ муқобили ҷудокори фаронсавӣ – Максим Моунданга қарор гирифт. Ин навбат ҳам Нуралӣ Эмомалӣ бо истифода аз зиддиусул касби “ваза-ари” кард ва ғолиби рақобат гашт.

Дар чорякниҳоӣ чемпиони феълии Тоҷикистон рақибаш аз Туркия – Муҳаммад Демирелро бо иҷрои моҳиронаи “де аши барай” шикаст дод ва ба нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври ниманиҳоӣ Нуралӣ Эмомалӣ бо Извореану Раду аз Молдова қувваозмоӣ кард. Нуралӣ Эмомалӣ дар оғози рақобат бо истифода аз усули “де аши барай” аз ҳариф имтиёзи “ваза-ари” ситонид ва дар идома аз назари тактикӣ беҳтар амал кард, ки боис гардид Раду бо дарёфти се танбеҳ ноком гардад.

Дар вохӯрии ниҳоӣ Нуралӣ бо ҷудокори ҳамсоякишвари Ӯзбекистон, Қаҳрамони феълии Осиё байни ҷавонон - Азизбек Ортиқов зӯрозмоӣ кард. Варзишгарон набарди шадид анҷом дода, ниҳоятан 10 сония монда ба охири рақобат Нуралӣ бо иҷрои зебои «коши гурума» аз ҳариф имтиёзи «ваза-ари» касб кард ва дар идомаи ҳамла рақибро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дошт ва бо баҳогузории «иппон» пирӯз гашт.


Ғолибони вазни то 66 кг
1) Нуралӣ Эмомалӣ  (Тоҷикистон)
2) Азизбек Ортиқов  (Ӯзбекистон)
3) Муҳаммад Демирал (Туркия)
3) Кимю Браво Балонсо  (Куба)




Баробари дарёфти медали тилло, Нуралӣ Эмомалӣ соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизапулӣ дар хаҷми 2000 доллари ИМА шуд.

Ҳамакнун, дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин нишони тилло аз Қаҳрамониҳои ҷаҳон миёни ҷавонон маҳсуб мешавад. Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг октябри соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.

Зимнан, имрӯз дар вазни -73кг ҷудокори дигари кишвар - Масъуди Аҳмадзод ҳунарнамоӣ мекунад. Оғози рақобатҳо - соати 21:30 бо вақти Душанбе.