“Нюкасл” боз “Астон Вилла”-ро мағлуб кард
Бозии даври 22-юми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он «Астон Вилла» дар майдони худ аз «Нюкасл» бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд, ба охир расид.
Голи ягонаи мизбононро Олли Уоткинс зад. Инчунин, футболбозони тими Бирмингем ба дарвозаи худ як гол заданд (Алекс Морено). Аз ҳайати «Нюкасл» Фабиан Шар дубл кард.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Нюкасл” бо 32 имтиёз пас аз 22 бозӣ дар ҷои 7-ум аст. “Астон Вилла” пас аз 22 бозӣ бо 43 имтиёз дар ҷои чаҳорум қарор гирифтааст.