“Нюкасл” дарвозаи “МЮ”-ро голборон намуд

“Нюкасл” дарвозаи “МЮ”-ро голборон намуд

Бозии даври 32-юми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои “Нюкасл” ва “Манчестер Юнайтед” ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Сент Ҷеймс Парк” дар Нюкасл-апон Тайн баргузор шуд. Довари асосии бозӣ Крис Кавана буд. Соҳибони майдон дар ин бозӣ бо ҳисоби 4 бар 1 ғалаба карданд.

Дар дақиқаи 24-ум нимҳимоятгари итолиёвӣ Сандро Тонали дар ҳисоб “Нюкасл”-ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 37-ум вингери “Манчестер Юнайтед” Алехандро Гарначо ҳисобро баробар намуд.

Ҳарви Барнс дар дақиқаи 49-ум аз иштибоҳи Нуссаир Мазрауи истифода намуда, “Нюкасл”-ро дар ҳисоб ба пеш баровард. Барнс бо ин гол қаноат накарда, дар дақиқаи 64-ум дубл кард. Дар дақиқаи 77-ум нимҳимоятгар Бруно Гимарайнс голи чаҳоруми “Нюкасл”-ро ба дарвозаи “Манчестер Юнайтед” ба самар расонид.

Алтай Байиндир аввалин бор аз ҳайати “Манчестер Юнайтед” дар ин бозӣ аз Премйер-Лигаи Англия ба майдон баромада, хотираи талх гирифт. Андре Онана дар ин бозӣ истироҳат кард то дар бозии ҷавобии марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Аврупо муқобили “Лион” бозии шоиста нишон бидиҳад.

Ғалаба ба “Нюкасл” имкон дод, ки шумораи имтиёзҳояшро дар ҷадвали мусобиқа ба 56 адад расонида, дар қатори чаҳоргона беҳтаринҳо мавқеъ гирад. “Девҳои сурх” бо 38 имтиёз дар зинаи 14-ум маскан гирифтаанд. “Ливерпул” бо 76 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.

ТВ "Варзиш"