“Нюкасл” дарвозаи “ПСЖ”-ро торумор кард

“Нюкасл” дарвозаи “ПСЖ”-ро торумор кард

Бозии даври 2-юми гурӯҳи «F»-и Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои «Нюкасл»-и Англия ва «ПСЖ» -и Фаронса ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Сент-Ҷеймс Парк”-и шаҳри Нюкасл дар ҳузури 52 009 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 4 бар 1 ба суди дастаи “Нюкасл” анҷом ёфт. Ин аввалин ғалабаи “Нюкасл” дар таърихаш дар мусобиқаи Лигаи Чемпионҳо ба ҳисоб меравад.

Голҳоро аз ҳайати “Нюкасл” – Мигел Алмирон, Дэн Берн, Шон Лонгстафф ва Фабиан Шеф ба самар расониданд. Голи тими шаҳри Парижро Лукас Эрнандес марбути номи хеш кард.

Дар гурӯҳи “F” ба ҷуз аз «Нюкасл» ва «ПСЖ», «Боруссия»-и Дортмунд ва «Милан» бозӣ мекунанд. Дар бозии дигари гурӯҳ дар варзишгоҳи “Сигнал Идуна Парк”-и шаҳри Дортмунд дар ҳузури 81 365 нафар мухлис   дастаҳои “Боруссия”-и Дортмунд ва “Милан” бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 0 бар 0 бидуни гол анҷом ёфт.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Нюкасл” бо 4 имтиёз пешгом аст. “ПСЖ” соҳиби 3 имтиёз, “Милан” соҳиби 2 имтиёз ва “Боруссия”-и Дортмунд соҳиби 1 имтиёз мебошанд.