Оғози Чемпионати Осиё бо иштироки 12 гӯштингири тоҷик дар Бишкек

Оғози Чемпионати Осиё  бо иштироки 12 гӯштингири тоҷик  дар Бишкек

Аз 11 –ум то 16-уми апрел дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ баргузор мегардад. Дар он 366 варзишгар дар 30 вазн – 10 вазн гӯштии тарзи озод, 10 вазн гӯштии юнонӣ-римӣ ва 10 вазн гӯштии занон – зӯр меозмоянд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 гӯштингир намояндагӣ мекунанд.

Гӯштини тарзи озод: Айаал Белоюбски (57 кг) , Ҷамшед Шарифов (61 кг), Камол Бегаков (65 кг) , Мустафо Ахмедов (70 кг),: Виктор Рассадин (74 кг) ва Магомет Евлоев (79 кг)

Гӯштини юнону румӣ: Асламҷон Азизов (60 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (67 кг) , Суҳроб Абдулҳаев (87 кг) , Мирзоамин Сафаров (97 кг) ва Эдуард Бабеношев (130 кг)

Гӯштини бонувон: Ватансултон Шакаршоева (57 кг)

Дирӯз маросими қуръакашии мусобиқаи мазкур баргузор шуд. Дар рӯзи аввал дар вазни то 57 кг паҳлавони мо Айаал Белолюбский бо Кум Ким аз Кореяи Шимолӣ  нерӯсанҷӣ  мекунад.

Дар вазни то 61 кг Ҷамшед Шарипов бо Таринду Хаттуван аз Шри - Ланка қувваозмоӣ  мекунад. Дар вазни то 65 кг Камол Бегаков бо Рохит Рохит аз Ҳиндустон гӯштин мегирад.

Мустафо Ахмедов дар вазни то 70 кг бо ғолиби ҷуфти Меиржан Аширови қирғиз ва Перман Хоммадови туркман нерӯсанҷӣ мекунад. Дар вазни то 74 кг Виктор Рассадин бо Санго Хан аз Кореяи Ҷанубӣ гӯштин мегирад.

Магомет Евлоев дар вазни то 79 кг бо Адилет Маратбаеви қирғиз гӯштин мегирад. Аз натиҷаи қуръакашии риштаи  гӯштини юнону румӣ, ки баргузор шуд боз хабар хоҳем дод.

Дар рӯзи аввал Айаал Белолюбский (-57 кг), Камол Бегков (-65 кг), Мустафо Ахмедов (-70 кг) ва Магомет Евлоев (-79 кг) гӯштӣ мегиранд. Дар рӯзи дуюм Ҷамшед Шарифов 61 кг ва Виктор Рассадин 74 кг нерӯсанҷӣ мекунанд.