Оғози мусобиқаҳои волейбол ва тенниси рӯи миз дар шаҳри Душанбе
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишии волейбол байни мардону занон ва тенниси рӯи миз байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявии давлатию ғайридавлатӣ оғоз гардид.
Дар чорабиниҳои мазкур 26 даста аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо байни ҳам рақобат менамоянд.
Мусобиқаҳои варзишии мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст шуда, ғолибону ҷоизадорон бо ҷом, диплом, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.