Оғози мусобиқаи гӯштини тарзи озод дар шаҳри Кӯлоб

Оғози мусобиқаи гӯштини тарзи озод дар шаҳри Кӯлоб

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва пешгирии онҳо аз амалҳои ношоиста ба хусус нашъамандӣ бо дастгирии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб миёни дастпарварони мактабҳои варзишии минтақаи Кӯлоб мусобиқаи кушоди минтақавӣ оид ба гӯштини тарзи озод оғоз гардид.

         Дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикисотон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки беш аз 100 нафар дастпарварони мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод оғоз гардид.


 Зимни оғози ин мусобиқа масъулони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки бо мақсдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо мақсади амалисозии “Стратегияи миллии назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи он барои солҳои 2021-2025 чунин ҳамоишҳои варзишӣ ва тарғиботӣ ба нақша гирифта шуда марҳила ба марҳила дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ карда мешванд.

 Гуфта шуд, ки мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар аксияҳои иттилоотӣ аз ҷониби масъулони соҳа дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб ва шарикони рушд давоми моҳи июни соли ҷорӣ роҳандозӣ шуда, ба ин васила насли наврасу ҷавон ба ин қабил ҳамоишҳо ҷалб карда мешаванд.


Бинобар иттилоъи сардовари мусобиқа Фаррух Буриев наврасон дар 10 вазн байни ҳам рақобат мекунанд ва майдондориҳо давоми ду руз идома меёбад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар баробари тарғиби тарзи ҳаёти солим инчунин дар ин қабл ҳамоишҳо мураббиён имкон пайдо мекунанд, ки маҳорату малакаи шогирдонро санҷида онҳоро ба мусобиқаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ тайёр мекунанд.

         Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин мусобиқа наврасони солҳои таваллуди 2008 то 2010 ширкат намуда барои дарёфти зинаҳои ифтихорӣ ва нишону ифтихорномаҳо талош меварзанд. Бо сабаби зиёд будани иштирокчиёни мусобиқа дар навбати аввал варзишгарони вазнҳои поёнӣ бо ҳам рақобат карда дар рӯзҳои баъдӣ инчунин варзишгарони вазнҳои болоӣ низ дар ин майдон нерӯсанҷиҳои худро идома медиҳанд.