Оғози мусобиқаи «Тӯби чармин-2019»

Оғози мусобиқаи «Тӯби чармин-2019»

Бо мақсади ҷалби наврасон ба футбол, муайян намудани дастаҳои ғолиб дар ду сину сол ва ҳам мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон даври минтақавии мусобиқаи футбол барои дарёфти «Тӯби чармин-2019» оғоз гардид. Зимни ифтитоҳи ин тадбири варзишӣ қайд карда шуд, ки дар мусобиқаи мазкур дар ду сину сол танҳо аз ноҳияи Восеъ, Данғара ва шаҳри Кӯлоб дастаҳо ҳозир шуданд. Мусобиқа “Тӯби чармин” ҳамасола дар миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар се марҳила баргузор мегардад, вале имсол дастаҳо бо баҳонаҳои гуногун аз 7 ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба марҳилаи минтақавӣ ҳозир нашуданд. Ба иттилоъи масъулин низомномаи баргузории мусобиқа ҳамасола ба дасти намояндагони шӯъбаҳои маориф дастрас карда мешаванд вале на ҳама дастаҳо бо масъулияти бар душдошта ба мусобиқа ҳозир гардиданд.