Оғози мусобиқаи волейбол дар ноҳияи Ванҷ

Оғози  мусобиқаи волейбол дар ноҳияи Ванҷ

Дар асоси нақшаи тасдиқ намудаи раиси ноҳия дар мувофиқа бо сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят мусобиқаи варзиши аз рӯи намуди волейбол байни деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишин ноҳияи Ванҷ байни дастаи волейболбозони деҳаи Роғ ва Бичхарв дар толори варзишии МТМУ 4 баргузор гардид.   Дастаи волейболбозони деҳаи Бичхарв ғолиби бозӣ дониста шуданд ва ҳуқуқи иштирок ба даври дуюмро пайдо намуданд. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин ҷалби бештари ҷавонон ва рушди ин намуди варзиш дар кишвар мебошад.