Оғози мусобиқаи волейбол дар шаҳри Кӯлоб

Оғози мусобиқаи волейбол дар шаҳри Кӯлоб

Дар расми ифтитоҳи ин тадбири варзишӣ таъкид гардид, ки мусобиқаи волейбол байни ҷавонон дар доираи нақша чорабиниҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаро мутасаддиён дар тарғибу ташвиқи волейбол байни ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва мукаммал гардонидани дастаи коллеҷи тиббӣ барои мусобиқаҳои минбаъда арзёбӣ карданд. Мусобиқаи мазкур байни 12 дастаи коллеҷи мазкур баргузор гардид, ки ба даври ниҳоӣ чор дастаи беҳтарин роҳ ёфтанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола байни дастаҳои колеҷи тиббии Ҷумхурӣ мусобиқаҳо гуогун баргузор мегардад ва бо мақсади сафарбар намудани беҳтарин варзишгарони ин муассиса ба мусобиқоти ҷумхуриявӣ чунин тадбирҳои варзиши пайваста рохандозӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб рӯзҳои истироҳатӣ байни донишҷӯён аз рӯи дигар намуди варзиш мусобиқаҳо ба нақша гирифта шудааст, ки дар рӯзҳои баъди мусобиқаи волейбол байни духтарон, футбли хурд байни писарону духтарон, волейболи соҳилӣ ва варзиши сабук ташкилу рохандозӣ карда мешаванд.