Оғози сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷопон

Оғози сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷопон

18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ - Ҷопон» вориди шаҳри Токиои Ҷопон шуданд.

Дар саҳни фурудгоҳи Ҳанеда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷопон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.