Оғози тамринҳои дастаҷамъонаи “Истиқлол” дар шаҳри Минск
![Оғози тамринҳои дастаҷамъонаи “Истиқлол” дар шаҳри Минск Оғози тамринҳои дастаҷамъонаи “Истиқлол” дар шаҳри Минск](/upload/iblock/187/187462a370f89bfe3197743462ba12ff.jpg)
Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол», ки дирӯз баҳри анҷом додани ҷамъомади таълимию тамринӣ ба Беларус омад, аввалин тамрини худро доир намуд. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи “Истиқлол” хабар додааст.
Ҳама бозингароне, ки дар ҳайати даста қарор дорад, дар тамрини аввалин, ки дар қароргоҳи КФ «Минск» баргузор шуд, иштирок намуданд.
Тибқи накшаи тасдиқшудаи ситоди муррабиён, фардо «Истиқлол» ду тамрин баргузор менамояд.
Қаблан, аз бозгашти дарвозабон Никола Стошич ба “Истиқлол” хабар дода будем.