Обамеянг “Барселона”-ро бо “Челси” иваз мекунад

Обамеянг “Барселона”-ро бо  “Челси” иваз мекунад

Ҳуҷумкунандаи бошгоҳи "Барселона" - Пйер-Эмерик Обамеянг тарки даста мекунад. Дар ин бора Фабритсио Романо дар Твиттераш хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, футболбоз метавонад фаъолияти худро дар «Челси» идома диҳад. Гуфта мешавад, ки бошгоҳи лондонӣ аллакай бо намояндаи ин бозигар музокираҳоро оғоз кардааст, аммо дар ҳоли ҳозир ба бошгоҳи каталонӣ дар мавриди гузариши ҳамлагар муроҷиати расмӣ нарасидааст.

Обамеянг аз январи соли 2022 дар "Барселона" бозӣ мекунад ва ба онҷо аз "Арсенал"-и Лондон рафт. Шартномаи футболбоз бо каталониҳо то соли 2025 эътибор дорад. Портали Transfermarkt арзиши ҳамлагарро 15 миллион евро арзёбӣ мекунад. Дар маҷмуъ ҳамлагар дар ҳайати «Барселона» 23 бозӣ гузаронида, дар ҳисобаш 13 гол ва 1 ирсоли головар анҷом додааст.