Обамеянг дар «Арсенал» боқӣ мемонад

Обамеянг дар «Арсенал» боқӣ мемонад

Дастаи "Арсенал"-и шаҳри Лондон шартномаро бо ҳамлагари худ Пйер-Эмерик Обамеянг тамдид кард. Қаблан хабар дода шуда буд, ки футболбоз бо дастаи лондонӣ то тобистони соли 2023 шартнома бастааст.

Бояд гуфт, ки Обамеянг ба "Арсенал" моҳи январи соли 2018 аз "Боруссия Дортмунд" бо маблағи 63,75 миллион евро пайваст шуда буд. Мавсими гузашта ҳамлагари 31-сола дар 36 бозии Премйер-Лига ширкат варзида, ба задани 22 гол ва 3 партофти головар мушарраф гардидааст. Инчунин се корти зард ва як корти сурх низ гирифтааст. Обамеянг қаблан дар дастаҳои “Милан”, “Лил” ва “Сент-Этиен” бозӣ карда буд.