Онс Жабер пас аз даст кашидан аз “US Open” изҳорот дод

Онс Жабер пас аз даст кашидан аз “US Open” изҳорот дод
Ракеткаи 17-уми ҷаҳон Онс Жабер аз Тунис пас аз даст кашидан аз мусобиқаи US Open-2024 изҳорот дод.“Ман таассуф мехурам, ки китфи ман то мусобиқаи US Open барқарор нахоҳад шуд. Ман ҳис мекунам, ки рақобат карданам ғайри имкон аст. Ҳаёт пастиву баландиҳои худро дорад, аммо баъзан дар бадтарин лаҳзаҳо, мо бояд қаввӣ бошему мусбат фикр кунем. Соли ҷорӣ барои ман хеле душвор буд, аммо ман метавонам ин ҳамаро пушти сар кунам. Ман мисли ҳамеша талош карданро идома медиҳам, зеро ман барои ҳаёти худ, оилаам, сарпарастон ва мухлисонам, ки ҳамеша маро дастгирӣ мекунанд, арзанда бошам. Ҳамеша барои дастгирии бечунучарои шумо миннатдорам.Ман кушиш мекунам,ки қаввитар баргардам”.
Хотирасон мекунем,ки мусобиқаи мазкур,ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад ва он ҷо Онс Жабер мебоист бо Вероника Кудерметоваи рус вохӯрад. Ҷойи теннисбозро намояндаи 28-солаи Белгия Элиз Мертенси иваз мекунад.