Ҷоизаи навбатии Криштиану Роналду

Ҷоизаи навбатии Криштиану Роналду

Санаи 2-юми декабр дар шаҳри Милани Италия маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои Чемпионати Италия дар мавсими 2018/19 муайян шуданд. Дар ин маросим ҳамлавари “Ювентус” Криштиану Роналду беҳтарин футболбоз ва беҳтарин ҳамлавари мавсими гузаштаи Серияи А эълон шуд.

Беҳтарин дарвозабон: Самир Ханданович («Интер»).

Беҳтарин дифоъгарон: Жоау Канселу, Ҷорджо Кйеллини (ҳарду – «Ювентус»), Калиду Кулибали («Наполи») ва Александар Коларов («Рома»).

Беҳтарин ниммуҳофизатгарон: Миралем Пянич («Ювентус»), Йосип Иличич («Аталанта») ва Николо Барелла («Каляри», ҳоло дар «Интер»).

Беҳтарин ҳамлаварон: Криштиану Роналду («Ювентус»), Дуван Сапата («Аталанта») ва Фабио Квалярелла («Сампдория»).

Беҳтарин футболбози Серияи А: Криштиану Роналду («Ювентус»).

Беҳтарин даста: «Аталанта».

Беҳтарин сармураббӣ: Ҷан Пйеро Гасперини («Аталанта»).

Беҳтарин довар: Ҷанлука Рокки.

Беҳтарин футболбози ҷавони Серияи В: Сандро Тонали («Брешия»).