Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёи дар Ҳангжоу

Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёи дар Ҳангжоу муайян шуд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур нишони тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулиҳо дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 19-ум Бозиҳои Осиё пас аз 8 рӯз - 23 сентябр дар Ҳангжоуи Чин шуруъ мегардад. Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш (61 равияи варзишӣ) ворид гардидааст.
Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 110 варзишгар аз рӯи 19 равия дар бозиҳо ширкат мекунад.