Охирин рақиби «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо маълум шуд

Охирин рақиби «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо маълум шуд

Охирин рақиби «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои КФО-2021 дар квартети «А» маълум шуд. Баъди бозии дастаҳои «Ал-Гарафа» (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон) (0:1) дар марҳилаи плей-оффи мусобиқаи мазкур охирин иштирокчии гурӯҳи “А” маълум шуд. Ба гурӯҳи “А”, ки дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шабаб Ал-Аҳлӣ» (АМА) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) дохиланд дастаи АГМК (Ӯзбекистон) шомил шуд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои КФО-2021 дар квартети «А» бо иштироки дастаи “Истиқлол” аз 15-ум то 30-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд.